Тоҷикӣ | English |Türkçe

Номаи табрикотӣ ба Президенти Ҷумҳури Туркия ба муносибати Рӯзи миллии Ҷумҳурии Туркия

ш. Душанбе                                                                                                                                                                                                                      24.10.2019

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Туркия, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоганро ба муносибати Рӯзи миллии Туркия табрик намуд.

Дар номаи табрикотӣ аз ҷумла қайд гардидааст:

"Ҷаноби Олӣ,

Ниҳоят масрурам, ки Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишваратонро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллии Ҷумҳурии Туркия сидқан табрику таҳният гӯям.

Рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Ҷумҳурии Туркия яке аз самтҳои мушими хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикстон мебошад.

Боиси қаноатмандист, ки тӯли солҳои истиклолияти давлатии Тоҷикистон - бар асари саъю кушишҳои муштарак - муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо сатҳи сифатан навро касб намуданд.

Тоҷикистон ва Туркия қодиранд ҳамкории васеъ ва бунёдиро дар ҳама арсаҳо ба нафъи ҳар ду кишвари дӯст рушди пайгир диҳанд. Мо дар ин самт ҳамвора талоши созанда хоҳем намуд.

Бо истифода аз фурсат ба Шумо, ҷаноби Президент, саломатии комилу пирӯзиҳои навин, ба мардуми дӯсти Туркия хушрӯзӣ, сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам.”

 


Хабарҳои муҳим

  • Тасдиқи рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ
    Душанбе, 11.10.2019 Дар асоси пешниҳоди Раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода, ....
    25.12.2019 13:06
  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо