Тоҷикӣ | English |Türkçe

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Олимпиадаи 11-уми байналмилалии мактаббачагон дар Анталия

27 октябри соли 2019 дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия Олимпиадаи 11-уми байналмилалӣ миёни мактаббачагон баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он чорабинӣ ҳайати 40 нафарии мактаббачагон аз литсей-интернати Президентӣ, мактаби байналмилалии ш. Душанбе, муассисаҳои таълимии вилояти Суғд ва дигар мактабҳои кишвар муаррифӣ намуданд.

Дар доираи Олимпиада намояндагони 14 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистон, Озарбойҷон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Россия ва Алҷазоир иштирок намуданд.

Олимпиадаи байналмилалӣ бо ташаббуси Академияи туризми Анталия ва Мактаби байналмилалии Россия баргузор гардида, дар он зиёда аз 1000 толибилм вориди қувваозмоӣ гардиданд. 

Дар маросими ифтитоҳи он чорабинӣ Мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок ва суханронӣ намуд.


Хабарҳои муҳим

  • Тасдиқи рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ
    Душанбе, 11.10.2019 Дар асоси пешниҳоди Раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода, ....
    25.12.2019 13:06
  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо