Тоҷикӣ | English |Türkçe

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар иҷлоси Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ

9 ноябри соли 2019 дар Анталия, Туркия иҷлоси 24-уми Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар он иҷлос раёсат дар созмони мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия гузашт.

Роҳбари ҳайати кишвари мо, Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Хусрав Нозирӣ ба сифати Раиси иҷлоси 23-юми Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иҷлосро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба дастовардҳои Созмон дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард. Дар ин замина ӯ ба самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар паҳнои Созмон ишора намуда, бар аҳаммияти татбиқи пружаҳои самарбахши минтақавӣ дар соҳаҳои гуногун ва афзоиши мизони тиҷорат байни кишварҳои узв таъкид намуд.

Бисту чаҳорумин иҷлоси Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо қабул гардидани санади ниҳоии он – Баёнияи Анталия ба поён расид.


Хабарҳои муҳим

  • Тасдиқи рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ
    Душанбе, 11.10.2019 Дар асоси пешниҳоди Раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода, ....
    25.12.2019 13:06
  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо