Тоҷикӣ | English |Türkçe

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси 8-уми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё /Раванди Истанбул»

9 декабри соли 2019 дар шаҳри Истанбул Конфронси 8-уми  вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё/Раванди Истанбул» зери унвони «Сулҳ, Шарикӣ, Шукуфоӣ» доир гардид, ки дар он кишварҳо ва созмонҳои иштирокчии «Қалби Осиё/Раванди Истанбул» ширкат варзиданд.

Дар кори Конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳуриии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.

Ин ҳамоишро Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган бо суханрониҳои хеш ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи вазирон суханронӣ намуда, мавқеи созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таъмини сулҳу субот ва шукуфоии кишвари ҳамсоя таъкид намуда, аз кишварҳои иштирокчӣ, мададрасон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷиҳати мусоидати бештар дар равандҳои мусбати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон даъват намуд.

Конфронс аз натиҷаи баррасиҳо Эъломияи Истанбулро қабул намуд. Бар асоси он ҳамраисии Қалби Осиё/Раванди Истанбул дар соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад. Ин иқдоми ҷониби Тоҷикистон аз тарафи иштирокчиёни конфронс ҳамовозии дахлдор пайдо намуд.

Дар ҳошияи Конфронс мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Ёрдамчии Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хонум Элис Велс баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои вобаста ба муносибат ва ҳамкориҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Хабарҳои муҳим

  • Тасдиқи рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ
    Душанбе, 11.10.2019 Дар асоси пешниҳоди Раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода, ....
    25.12.2019 13:06
  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо