Тоҷикӣ | English |Türkçe

Cафари расмии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо даъвати ҷониби Туркия рӯзҳои 19-22 декабри соли равон бо сафари расмӣ ба ш.Истанбул ташриф овард.

Ҳамин тартиб, дар доираи ин сафар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Мехмет Нурӣ Эрсой баргузор гардид.

Дар рафти вохурӣ доираи васеи масъалаҳои муносибат ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар, бахусус ҳамкориҳои сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон зимни мулоқот вобаста ба роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду ҷониб дар соҳаи сайёҳӣ мувофиқаҳои дахлдор ҳосил гардиданд.

Дар доираи ин сафар рӯзи 20 декабри соли равон ҷаласаи якуми Комиссия муштараки соҳаи сайёҳии Тоҷикистону Туркия таҳти раисии Роҳбари қисми тоҷикистонии Комиссияи муштарак,  Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ва Роҳбари қисми туркии Комиссияи муштарак, Муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Аҳмет Мисбаҳ Демирҷан баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз натиҷаи баррасиҳо байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонида шуд.

Ҳамин тартиб, санаи 19 декабри соли ҷорӣ дар ш.Истанбул нахустин Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид. Дар кори Форум роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, ҳайати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия, Роҳбарияти Шурои тиҷоратии Туркияву Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанг ва туризми Ҷумҳурии Туркия, доираҳои сайёҳӣ, коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ду кишвар ширкат намуданд.


Хабарҳои муҳим

  • Тасдиқи рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ
    Душанбе, 11.10.2019 Дар асоси пешниҳоди Раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода, ....
    25.12.2019 13:06
  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо