Тоҷикӣ | English |Türkçe

Муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои сармоягузории он

Санаи 20 феврали соли 2020 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар ҳамкорӣ бо Шӯрои равобити иқтисодии хориҷии Туркия (DEİK) ва Шурои соҳибкорони Тоҷикистону Туркия дар Палатаи саноати вилояти Анқара ҳамоиши соҳибкоронро ба мақсади муарифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои сармоягузории он баргузор намуд.

Зимни ҳамоиш Раиси Палатаи саноати вилояти Анкара Нуреттин Оздебир, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён, Мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Парвиз Содиқӣ, Раиси Шурои соҳибкорони Тоҷикистону Туркия Ҷиҳангир Саатчиоғлу ва Муовини Раиси ширкати “AKIA” Олчан Салиҳ суханронӣ намуда, равандҳои ҷории муносибат ва ҳамкориҳо миёни кишвар ва имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳозирин муаррифӣ намуданд.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ ҳамзамон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо шарикони туркӣ -  Раиси Шурои соҳибкорони Тоҷикистону Туркия Ҷиҳангир Саатчиоғлу, Раиси Палатаи саноати вилояти Анқара Нуреттин Оздебир баргузор гардид. Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои миёни ду кишвар, бахусус бо вилояти Анкараи Ҷумҳурии Туркия дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва дурнамои ин ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо дар робита ба густариши бештари ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд.

Дар макони баргузории ҳамоиш ҳамзамон намунаҳое аз мусаввараҳо оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумии кишвар ба намоиш гузошта шуда буданд. 


Хабарҳои муҳим

  • Тасдиқи рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ
    Душанбе, 11.10.2019 Дар асоси пешниҳоди Раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода, ....
    25.12.2019 13:06
  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо