Тоҷикӣ | English |Türkçe

Ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Туркия қарор доранд

Ҳамватанони азиз,

Чуноне огаҳӣ доред, бо назардошти шуюи коронавирус (COVID-19) дар аксари кишварҳои олам ва эълон гардидани ҳамагирии ҷаҳонӣ (пандемия) аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии беҳдошт, мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Туркия низ акнун як қатор чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирӣ намудан аз паҳншавии COVID-19 амалӣ намуда истодаанд.

Бинобар ин, эҳтиромона хоҳиш менамоем, то тавсияҳои сохторҳои соҳавии кишвари иқомат ва чораҳои пешгирикунандаи онҳоро дар робита ба ҳолати ҷорӣ дар кишвари иқомат риоя намуда, аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам худдорӣ намоед.

Дар ҳолатҳои зарурӣ дар робита ба ин мавзӯъ метавонед ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия муроҷиат намоед.

Суроға: Ҷумҳурии Туркия, шаҳри Анкара, кӯчаи Ферид Реҷаи Эртуғрул №20, Чанкая/Оран


Тел: (+90) 312 491 16 07;

Тел. мобилӣ: (+90) 537 672 18 57;

Факс: (+90) 312 491 16 03.
Е-mail:
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


Хабарҳои муҳим

  • Тасдиқи рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ
    Душанбе, 11.10.2019 Дар асоси пешниҳоди Раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода, ....
    25.12.2019 13:06
  • Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Рӯзи 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми  Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ....
    19.10.2017 10:07
  • Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" солҳои 2018-2028
    Қатъномаи Маҷмуаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи ....
    23.08.2017 11:44
  • Раводиди электронӣ
        Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa”(https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ....
    22.08.2017 11:50
  • Нигористон


    Ҳама аксҳо